Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Семинари омӯзишӣ барои мураббиёни таеквондои Суғд

Семинари омӯзишӣ барои мураббиёни таеквондои Суғд Семинари омӯзишӣ барои мураббиёни таеквондои Суғд

19.10.2018

: 1292

15 октябр дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ барои мураббиёну доварони намуди таеквондо оғоз гардид, ки то 30 октябр идома меёбад.

Семинари мазкур бо иқдоми Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи таеквондои Тоҷикистон, дар доираи Барномаи “Рушди сохтори варзиши миллӣ”-и Ҳамбастагии олимпӣ, ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи мураббиёну доварон ба роҳ монда шудааст. Барнома барои рушди намуди таеквондо дар ҷумҳурӣ нигаронида шуда, давоми се моҳ – 1 октябр то 31 декабр идома меёбад.
Дар семинари омӯзишии шаҳри Хуҷанд 20 нафар мураббӣ ва доварони вилояти Суғд иштирок доранд, ки бо роҳбарии раиси Федератсияи таеквондо Ҷаҳонзеб Қармишев, котибии генералии федератсия Манучеҳр Хуморов, мураббии кореягӣ Кванҷу Ким ва довари дараҷаи байналмилалӣ Давлатшоҳ Мирзоев ба таври назариявӣ ва амалӣ қоидаҳои нави Федератсияи ҷаҳонии таеквондо, тарзу усулҳои ҷадиди ин намуди варзишро омӯхта, масъалаҳои ҷалби духтарон ба намуди таеквондо, ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 ва ғайраро баррасӣ хоҳанд кард.
Баргузории чунин семинарҳои омӯзишӣ дар шаҳрҳои Бохтари вилояти Хатлон ва Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ба нақша гирифта шудааст.