Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қайиқронҳои тоҷик барои иштирок дар ЧО-2018 ба Самарқанд рафтанд

19.10.2018

: 1217

20-25 октябр дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Ҷоми Осиё миёни калонсолон ва Чемпионати Осиё миёни варзишгарони то 23-сола оид ба қайиқронӣ баргузор мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ҳайати 28 нафар (23 варзишгар, 5 мураббӣ) ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои мазкур субҳи имрӯз ба Самарқанд сафар карданд.
Ба иттилои котиби генералии Федератсияи қайиқронии Тоҷикистон Нодир Сафаров, варзишгарони мо дар Ҷоми Осиё қувваозмоиҳои К1, К2 – 200м, 1000м, К4 – 500м, С1, С2 – 200 м, 1000 м; С4 – 500м, дар Чемпионати Осиё миёни ҷавонони то 17-сола қувваозмоиҳои К1 – 200м, 500м, 1000м; К2 – 200м, 1000м; К4 – 500м, С1 – 200м, 500м, 1000м; С2 – 200м, 1000м; С4 – 500м, миёни ҷавонони то 23-сола қувваозмоиҳои К1, К2 – 200м, 500м, 1000м; К4 – 500м, 1000м, С1, С2 – 200м, 500м, 1000м; С4 – 500м, 1000м (писарон), К1, К2 – 200м, 500м, К4 – 500м, С1, С2 – 200м, 500м, С4-500м (духтарон) қувва месанҷанд.  
Дар мусобиқаҳо иштироки варзишгарон аз 15 давлати Осиё дар назар аст.