Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷоми Тоҷикистон: Пирӯзии “Истиқлол” ва “Хуҷанд” дар бозии аввали даври нимниҳоӣ

18.10.2018

: 1077

17 октябр бозиҳои аввали даври нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ ду дастаи шаҳри Душанбе – “Истиқлол” ва “Душанбе-83” вохурданд. Дар дақиқаи 11 бозингари “Истиқлол” Ҷаҳонгир Абдумуминов ҳисобро кушод. Голҳои дигар дар нимаи дуюми бозӣ зада шуд. Нозим Бобоҷонов дар дақиқи 55 ҳисобро афзуд. Бозингари “Душанбе-83” Элчибек Рашидбеков дар дақиқаи 60 ҳисобро тағйир дод – 2:1. Голи сеюми “Истиқлол”-ро Аҳтам Назаров дар дақиқаи 86 зад.
Дар бозии дигар “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бар тими “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар дақиқаи 41 Дилшод Бозоров ба ҳадаф расонд.
Бозиҳои ҷавобӣ 21 октябр баргузор мешавад.