Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дзюдочиёни ҷавони тоҷик дар ЧҶ-2018 ширкат мекунанд

16.10.2018

: 1310

17-21 октябр дар шаҳри Нассауи ҷазираҳои Баҳама чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон доир мегардад.

Дар мусобиқа иштироки 489 варзишгар (278 мард, 211 зан) аз 79 кишвари дунё дар назар аст. Аз ҷумла 3 варзишгари Тоҷикистон дар ин мусобиқа иштирок мекунанд: Хайёмиддин Ҷабборов, Сомон Маҳмадбеков дар вазни -73кг ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81кг.
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал соҳиби ҷоизаҳои пулӣ мегарданд. Федератсияи байналмилалии дзюдо ба ғолибон 2000 доллари ИМА (1600 доллар ба варзишгар, 400 доллар ба мураббӣ), барои ҷои дуюм 1400 доллар (1120 доллар ба варзишгар, 280 доллар ба мураббӣ) ва барои ҷойҳои сеюм 800 доллар (640 доллар ба варзишгар, 160 доллар ба мураббӣ) тақдим хоҳад кард. Дар рақобатҳои даставии омехта бошад, барои медали тилло 8000 доллар, барои медали нуқра 5600 доллар ва барои медали биринҷӣ 3200 доллар пешбинӣ шудааст.

Барномаи чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон-2018:
17.10.2018. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -44кг, -48кг миёни духтарон, -55кг, -60кг миёни писарон.
18.10.2018. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -52кг, -57кг миёни духтарон, -66кг, -73кг миёни писарон.
19.10.2018. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63кг, -70кг миёни духтарон, -81кг, -90кг миёни писарон.
20.10.2018. Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78кг, +78кг миёни духтарон, -100кг, +100кг миёни писарон.
21.10.2018. Қувваозмоиҳои даставии омехта.