Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бежан дар БОН-2018 сазовори медали нуқра шуд

Бежан дар БОН-2018 сазовори медали нуқра шуд Бежан дар БОН-2018 сазовори медали нуқра шуд Бежан дар БОН-2018 сазовори медали нуқра шуд

15.10.2018

: 1381

Варзишгари тоҷик Бежан Файзуллоев дар Бозиҳои олимпии наврасон, ки дар Буэнос Айреси Аргентина ҷараён дорад, дар намуди тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр, дар ҳайати даставии омехта сазовори медали нуқра шуд.

Ҳамдастаи Бежан дар рақобатҳои даставӣ варзишгардухтари ҳиндӣ Ману Бҳакер буд. Ин ҷуфт дар финал аз ҷуфти Кирил Киров (Булғористон) / Ванесса Сигер (Олмон) бо ҳисоби 3:10 шикаст хурд.
Ҷои сеюмро ҷуфти Дмитро Ҳонта (Украина) / Андреа Викториа Ибарра Миранда (Мексика) ишғол кард.
Ёдовар мешавем, ки дар 3-юм Бозиҳои олимпии наврасон, ки 7 октябр дар Буэнос Айреси Аргентина оғоз шуд, 3 варзишгари Тоҷикистон иштирок доранд: Сулаймони Ҷамшед (дзюдо), Бежан Файзуллоев (тирандозӣ), Анастасия Тюрина (шиноварӣ). Дар рақобатҳои инфиродӣ варзишгарони мо натавонистанд сазовори медал гарданд. Дар ҳайати даставӣ 10 октябр Сулаймони Ҷамшед медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Қувваозмоиҳо то 18 октябр идома меёбанд. То имрӯз дар ҷадвали ҳисоби медалҳо Руссия бо 37 медал (22 тилло, 9 нуқра, 6 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст. Маҷористон бо 20 медал (12-5-3) дар зинаи дуюм, Ҷопон бо 26 медал (9-6-9) дар зинаи сеюм қарор доранд. Умуман, варзишгарони 72 давлат соҳиби медали олимпӣ гардидаанд.