Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Давлаталӣ Саид дубора раиси Федератсияи шоҳмот интихоб шуд

12.10.2018

: 1205

11 октябр дар шаҳри Душанбе конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон баргузор ва муовини аввали Сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид бори дуюм раиси федератсияи интихоб шуд.

Дар ҷаласа масъалаҳои рушди варзиши зеҳнӣ баррасӣ шуда, роҳбарияти нав интихоб гардид.
“Давлаталӣ Саид моҳи октябри соли 2014 роҳбарии федератсияро бар дӯш гирифта буд. Дар муддати 4 соли гузашта шоҳмотбозони Тоҷикистон қариб дар ҳамаи мусобиқаҳо байналмилалӣ иштирок карданд. Ҳамчунин, бори аввал дар таърих Тоҷикистон дар Хаҷа Обигарм Ҷоми ҷаҳонро қабул кард, ки саҳми раиси федератсия бузург аст”, - гуфт котиби генералии ФШТ Илҳом Юнусов.
Ба гуфтаи И. Юнусов, дар чорсолаи оянда назди роҳбарияти федератсия вазифаи бузург гузошта шудааст: таъсиси Маркази махсуси шоҳмот дар Душанбе.
Зафар Мирзоев аз нав ноиби аввали раиси федератсия, Илҳом Юнусов котиби генералӣ, Хуршед Ватанов директори иҷроияи федератсия интихоб гардиданд.