Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футболбозони наврас бо медалҳои нуқраи ЧО ба Ватан баргаштанд

Футболбозони наврас бо медалҳои нуқраи ЧО ба Ватан баргаштанд Футболбозони наврас бо медалҳои нуқраи ЧО ба Ватан баргаштанд Футболбозони наврас бо медалҳои нуқраи ЧО ба Ватан баргаштанд Футболбозони наврас бо медалҳои нуқраи ЧО ба Ватан баргаштанд Футболбозони наврас бо медалҳои нуқраи ЧО ба Ватан баргаштанд Футболбозони наврас бо медалҳои нуқраи ЧО ба Ватан баргаштанд

10.10.2018

: 1865

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол, ки дар Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия сазовори медали нуқра гардид, ба Ватан баргашт.

Ба пешвози футболбозони наврас ҳазорон нафар ба Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе омада буданд.
Президенти Федератсияи футболи мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ футболбозонро дар толори нави пешвозгирии фурудгоҳ истиқбол гирифта, бо онҳо мулоқот кард. Президенти ФФТ бори дигар футболбозонро барои ба даст овардани медали нуқраи Чемпионати Осиё-2018 ва роҳхати Чемпионати ҷаҳон-2019 дар Перу табрик гуфта, иброз дошт, ки ин дастоварди бузург дар соҳаи варзиш, хусусан футболи мамлакат мебошад. Рустами Эмомалӣ ба наврасон ҷиҳати сазовор шудан ба натиҷаҳои аз ин ҳам баланд дар мусобиқаҳои оянда муваффақият хост.
Сармураббии дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Зайниддин Раҳимов зимни суханронӣ ба роҳбарияти Федератсияи футболи кишвар барои муҳайё кардани шароити машқу тамрин ҷиҳати омодагӣ ба чемпионат изҳори минатдорӣ кард. Капитани даста Эмомалӣ Аҳмадхон бошад, ваъда дод, ки минбаъд низ баҳри баланд бардоштани обрӯю нуфузи футболи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, хусусан соли оянда дар Чемпионати ҷаҳон байни наврасон тамоми қувваю маҳораташонро сарф менамоянд.
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол сипас дар пояи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ бо арзи эҳтиром гулчанбар гузошта, ба Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе, ки ҳазорон нафар баҳри пешвоз ҷамъ омада буданд, раҳсипор шуд. Маросими истиқболи футболбозон бо пешниҳоди барномаи ҳунарӣ дар Варзишгоҳи марказӣ ба анҷом расид.