Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Алишер Тухтаев мунтахаби футболи кишварро ба Бангладеш мебарад

26.09.2018

: 1154

Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Алишер Тухтаев, ҳамзамон муваққатан вазифаи сармураббии тими мунтахаби футболи Тоҷикистонро иҷро мекунад.

Имрӯз, 26 сентябр, таҳти роҳбарии ӯ дастаи мунтахаби кишвар дар Душанбе ҷамъ омада, ба мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки аз 1 то 12 октябр дар Бангладеш баргузор мегардад, омодагӣ мебинад.
Барои тайёрӣ ба мусобиқаи мазкур Алишер Тухтаев 24 футболбоз, аз ҷумла 2 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват кардааст.
Мунтахаби миллии кишвар 29 сентябр ба Дакка сафар мекунад. Дар мусобиқаи «Bangabandhu Gold Cup» мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” муқобили дастаҳои мунтахаби Непал (2 октябр) ва Фаластин (4 октябр) бозӣ мекунад. Дар сурати баромадан ба нимфинал мунтахаби кишвари мо бо яке аз дастаҳои гурӯҳи “В” – Филиппин, Бангладеш, Лаос – вомехӯрад.

Ҳайати тими миллии Тоҷикистон:
Дарвозабонҳо: Рустам Ризоев («Регар-ТадАЗ»), Беҳрӯз Хайриев («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Манучеҳр Аҳмадов, Хуршед Бекназаров («Хуҷанд»), Сиёвуш Асроров, Аҳтам Назаров, Амирбек Ҷӯрабоев, Табрези Давлатмир («Истиқлол»), Ойбек Абдуғаффоров, Бахтиёр Қаландаров, («Регар-ТадАЗ»), Давронҷон Эргашев;
Нимҳимоятгарон: Фатҳулло Фатҳуллоев, Нозим Бобоҷонов, Муҳаммадҷон Раҳимов, Шаҳром Сулаймонов («Истиқлол»), Бахтиёр Чориев («Хуҷанд»), Доробҷон Эргашев, Комрони Мирзонаҷот, Муҳсинҷон Абдуғаффоров (КМВА «Помир»), Ҳикматулло Расулов («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Манучеҳр Ҷалилов («Шривиҷая», Индонезия), Ҷаҳонгир Эргашев, Дилшод Бозоров («Хуҷанд»), Комрон Турсунов («Истиқлол»).
И.в. сармураббӣ – Алишер Тухтаев.

Мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup» дар Дакка
Гурӯҳи «А»: Фаластин, Непал, ТОҶИКИСТОН.
Гурӯҳи «В»: Филиппин, Бангладеш, Лаос.

Тақвими бозиҳо:
1-ум давр
1 октябр (душанбе)
17:30. Бангладеш – Лаос. Варзишгоҳи «Силхет Дистрикт», Силхет

2 октябр (сешанбе)
17:30. Непал – ТОҶИКИСТОН. Варзишгоҳи «Силхет Дистрикт», Силхет

2-юм давр
3 октябр (чоршанбе)
17:30. Филиппин – Лаос. Варзишгоҳи «Силхет Дистрикт», Силхет

4 октябр (панҷшанбе)
17:30. ТОҶИКИСТОН – Фаластин. Варзишгоҳи «Силхет Дистрикт», Силхет

3-юм давр
5 октябр (ҷумъа)
17:30. Бангладеш – Филиппин. Варзишгоҳи «Силхет Дистрикт», Силхет

6 октябр (шанбе)
17:30. Фаластин – Непал. Варзишгоҳи «Силхет Дистрикт», Силхет

Нимфинал
9 октябр (сешанбе)
13:30. 1 «А» – 2 «В». Варзишгоҳи «Кокс-Базар», Кокс-Базар

10 октябр (чоршанбе)
13:30. 1 «В» – 2 «А». Варзишгоҳи «Кокс-Базар», Кокс-Базар

Финал
12 октябр (ҷумъа)
17:30. Варзишгоҳи миллии Бангабанду, Дакка

Эзоҳ: оғози бозиҳо бо вақти Душанбе.