Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Марҳилаи интихобии ЧО-2019 миёни духтарони то 16-сола анҷом ёфт

25.09.2018

: 1238

Дар шаҳри Ҳисор марҳилаи аввали интихобии Чемпионати Осиё-2019 миёни духтарони то 16-сола дар гурӯҳи “С” бо пирӯзии тими Тайланд ба анҷом расид.

Дастаи мунтахаби духтарони Тоҷикистон (U-16) бо роҳбарии сармураббӣ Тоҷиддин Наботов чор вохурӣ гузаронида, бар дастаи Марианаи Шимолӣ ғалаба (3:0) кард, вале аз дастаҳои Сингапур (1:4), Тайланд (0:8) ва Эрон (0:8) мағлуб гардид.
Ҷои аввалро дар гурӯҳ тими Тайланд бо 12 хол ишғол кард. Зинаи дуюмро Эрон бо 9 хол сазовор шуд. Ҷойҳои сеюмро Сингапур, чорумро Тоҷикистон ва панҷумро Марианаи Шимолӣ ишғол намуданд.
Дастаи мунтахаби духтарони Тайланд, ки ҷои аввалро ишғол намуд, ҳамчун мизбон ба чемпионат роҳхат дошт. Аз гурӯҳи “С” тими Эрон ба марҳилаи дуюм роҳ ёфт. Ҳамчунин, дастаҳои Австралия, Бангладеш, Чин, Лаос, Мянма, Ветнам ва Филиппин дар марҳилаи дуюм, ки аз 23 феврал то 3 марти соли оянда ба нақша гирифта шудааст, ширкат мекунанд. Ин ҳаш даста дар ду гурӯҳ барои ба марҳилаи финалӣ баромадан мубориза мебаранд. Ба марҳилаи финалӣ дудастаӣ аз ҳар ду гурӯҳ мебароянд.
Дастаҳои ҶХД Корея, Ҷумҳурии Корея ва Ҷопон ҳамчун дастаҳои беҳтарини чемпионати гузашта бе иштирок дар марҳилаҳои интихобӣ ба финал, ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳхат доранд.