Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧО-2018: Мусовии Тоҷикистон бо Ҷопон

24.09.2018

: 1071

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар даври дуюми марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018 бо тими ҷавонони Ҷопон мусовӣ бозӣ кард.

Бозӣ 23 сентябр дар варзишгоҳи «UM Arena»-и шаҳри Куала Лумпур бидуни гол анҷом ёфт – 0:0. Дар бозии дигари гурӯҳ дастаи Тайланд бар тими Малайзия бо ҳисоби 4:2 ғалаба кард.
Баъд аз натиҷагирии ду давр дар гурӯҳи “А” Ҷопон бо 4 хол дар ҷои аввал аст. Тайланд ва Малайзия бо 3-холӣ дар зинаҳои дуюуму сеюм қарор доранд. Тоҷикистон бо 1 хол дар ҷои чорум мебошад.
Акнун тақдири роҳхат ба даври дигар дар бозии ниҳоии гурӯҳ ҳал мешавад. Тоҷикистон барои баромадан ба даври чорякфинал бояд бар дастаи Тайланд ғалаба кунад, агар дастаи Ҷопон низ бар тими Малайзия пирӯз гардад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи футболи Тоҷикистон (U-16) дар вохӯрии якум аз тими Малайзия бо ҳисоби 2:6 шикаст хурда буд.
Марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 миёни 16 дастаи ҷавонони то 16-сола 20 сентябр оғоз гардид ва то 7 октябри соли равон дар шаҳри Куала-Лумпур идома меёбад.
Шогирдони Зайниддин Раҳимов 26 сентябр дар даври ниҳоӣ бо дастаи ҷавонони Тайланд вомехуранд. Оғози бозӣ - соати 13:45 (бо вақти Душанбе).