Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Лигаи олӣ: Барои унвони қаҳрамонӣ талош шиддат мегирад

Лигаи олӣ: Барои унвони қаҳрамонӣ талош шиддат мегирад Лигаи олӣ: Барои унвони қаҳрамонӣ талош шиддат мегирад

21.09.2018

: 1176

18-20 сентябр бозиҳои даври ҳабдаҳуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуд.

Дар бозии марказии давр тими “Истиқлол” бар дастаи “Куктош” ғалаба кард. Мухлисони футбол дар варзишгоҳи “Нефтяник”-и ноҳияи Рӯдакӣ шоҳиди 5 гол шуданд. Дар ҳайати дастаи Душанбе Фатҳулло Фатҳуллоев 2 гол, Амирбек Ҷурабоев як гол заданд. Тими “Куктош” тавассути бозингарон Меҳроҷиддин Музаффаров ва Идан Окран ба задани 2 гол муваффақ шуданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:3 анҷом ёфт.
19 сентябр ду бозии даври 17-ум доир гардид. “Хуҷанд” дар меҳмонӣ бар дастаи “Регар-ТадАЗ” (1:0), “Панҷшер дар майдони худ бар дастаи “Хатлон” (2:0) ғолиб омаданд. Се холро ба дастаи “Хуҷанд” Фарҳод Тоҳиров овард. Дастаи соҳили Сирдарё бо 42 хол мавқеашро дар садри ҷадвали чемпионат нигоҳ дошт. “Истиқлол” низ 42 хол дорад, вале бо сабаби таносуби тӯбҳо дар ҷои дуюм аст.
Голҳои дастаи “Панҷшер”-ро Мунир Давлатбеков (дақиқаи 22) ва Хайриддин Турахонов (дақиқаи 77) ба ҳадаф расонданд.
Бозии ниҳоии давр дирӯз – 20 сентябр дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор миёни дастаҳои “Барқчӣ” ва КМВА “Помир” сурат гирифта, бо пирӯзии тими мизбон – “Барқчӣ” ба анҷом расид (2:1). Голҳои дастаи ғолибро Далер Ёдгоров ва Тоҳир Малодӯстов заданд.
Дар даври ҳаждаҳум, ки 23 сентябр баргузор мешавад, “Истиқлол” бо “Хуҷанд”, КМВА “Помир” бо “Регар-ТадАЗ”, “Хатлон” бо “Барқчӣ” ва “Куктош” бо “Панҷшер” қувва меозмоянд.

МАВҚЕИ ДАСТАҲО ДАР ҶАДВАЛИ ЧЕМПИОНАТ:

 ҶОЙ   ДАСТАҲО                                                                  Б   Ғ   М   Б   Т/Т   Х 
 1  "Хуҷанд" (Хуҷанд)  17   13   3  1  37-14   42 
 2  "Истиқлол" (Душанбе)  17  13  3  1  31-15  42
 3  "Куктош" (Рӯдакӣ)  17  7  3  7  24-26  24
 4  "Регар-ТадАЗ" (Турсунзода)  17  5  4  8  21-23  19
 5  КМВА "Помир" (Душанбе)  17  4  7  6  20-28  19
 6  "Хатлон" (Бохтар)  17  5  3  9  17-22  18
 7  "Панҷшер" (Ҷалолиддин Балхӣ)  17  3  6  8  14-22  15
 8  "Барқчӣ" (Ҳисор)  17  3  1  13   12-26  10