Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ЧО-2018: Бохти Тоҷикистон аз Малайзия

20.09.2018

: 1002

Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футбол (U-16) дар аввалин бозиаш дар марҳилаи финалии Чемпионати Осиё-2018 аз тими ҷавонони Малайзия шикаст хурд.

Вохӯрии якуми гурӯҳи “А” бо ҳисоби 2:6 анҷом ёфт. Голҳоро дар ҳайати тими Тоҷикистон Шарифбек Раҳматов ва Исроил Холов заданд.
Марҳилаи ниҳоии Чемпионати Осиё-2018 миёни 16 дастаи ҷавонони то 16-сола, имрӯз - 20 сентябр оғоз гардид ва то 7 октябри соли равон дар шаҳри Куала-Лумпур идома меёбад.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои ҷавонони Малайзия, Ҷопон ва Тайланд барои ба даври дигар баромадан рақобат мекунанд.
Шогирдони Зайниддин Раҳимов 23 сентябр дар даври дуюм бо дастаи ҷавонони Ҷопон вомехуранд. Оғози бозӣ – 17:45 бо вақти Душанбе. Дар даври ҷамъбастӣ ҳарифи тими ҷавонони Тоҷикистон мунтахаби Тайланд аст. Ин дидор 26 сентябр сурат мегирад. Оғози бозӣ - соати 13:45 (бо вақти Душанбе).