Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Шаббос Негматуллоев – қаҳрамони ҷаҳон миёни донишҷӯён

Шаббос Негматуллоев – қаҳрамони ҷаҳон миёни донишҷӯён Шаббос Негматуллоев – қаҳрамони ҷаҳон миёни донишҷӯён

07.09.2018

: 1148

Узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокси ҳаваскорӣ Шаббос Негматуллоев унвони қаҳрамони ҷаҳон миёни донишҷӯёнро ба даст овард.

1-6 сентябр дар шаҳри Элистаи Федератсияи Руссия Чемпионати ҷаҳон оид ба бокси ҳаваскорӣ миёни донишҷӯён баргузор шуд. Дар чемпионат беш аз 100 варзишгар аз 22 кишвар барои ҷоизаҳо талош карданд. Ҷумҳурии моро дар вазни -81 кг узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба бокс Шаббос Негматуллоев намояндагӣ кард.
Шаббос дар рақобати аввал бар варзишгари Латвия Павлиус Зуҷевас, баъдан бар намояндагони Тайпей – Ҳе Шао Ҳуӣ, Белорус – Ҳлес Синкевич ғалаба карда, ба финал роҳ ёфт. Дар даври ниҳоӣ муштзани тоҷик бар намояндаи кишвари мизбон – Руссия Магомедрасул Сулаймонов дастболо шуда, унвони қаҳрамони ҷаҳонро сазовор гашт.