Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Мунтахаби Тоҷикистон ба Бангладеш меравад

04.09.2018

: 1228

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалии «Bangabandhu Gold Cup», ки аз 1 то 12 октябр дар Бангладеш баргузор мешавад, ширкат мекунад.

Дар мусобиқа, ҳамчунин дастаҳои мунтахаби Филиппин, Фаластин, Бангладеш, Непал ва Лаос иштирок менамоянд. Тоҷикистон ҳамроҳ бо мунтахабҳои Фаластин ва Непал ба гурӯҳи “А” шомил шуданд. Гурӯҳи “В” аз дастаҳои Филиппин, Бангладеш ва Лаос таркиб ёфт.
Дар асоси низомнома дудастаӣ аз ҳар ду гурӯҳ ба чорякфинал роҳ меёбанд ва барои ишғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ талош мекунанд.