Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БО-2018: Дурахши Беҳрӯз Хоҷазода дар гуштини кураш

БО-2018: Дурахши Беҳрӯз Хоҷазода дар гуштини кураш БО-2018: Дурахши Беҳрӯз Хоҷазода дар гуштини кураш

29.08.2018

: 1788

Варзишгари маъруфу маҳбуби кишвар, қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо дар соли 2017 Беҳрӯз Хоҷазода медали нуқраи Бозиҳои Осиё-2018-ро ба даст овард.

Имрӯз – 29 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия бо иштироки варзишгарони тоҷик мусобиқаҳо оид ба дзюдо, қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ ва кураш баргузор шуд.
Варзишгари маъруфи кишвар Хоҷазода Беҳрӯз дар намуди кураш дар вазни -81 кг медали нуқраи бозиҳоро ба даст овард. Беҳрӯз рақобатро аз даври ҳаштякфинал оғоз карда, бар варзишгари Узбекистон Мусо Собиров дастболо шуд. Сипас, дар чорякфинал намояндаи Тайпейи Чин Чунта Ҳуангро мағлуб кард. Дар нимфинал бар варзишгари Эрон Умед Тазтак дастболо шуда, дар финал аз варзишгари дигари эронӣ Илёс Алӣ Акбарӣ мағлуб гардид. Дар ин вазн намояндаи дигари кишвар Акмал Муродов баъд аз ду пирӯзӣ бар варзишгарони Ветнам ва Сурия, дар чорякфинал аз намояндаи Узбекистон Сарвар Шомуродов, ки медали биринҷии мусобиқаро сазовор гашт, ба шикаст мувоҷеҳ шуд.
Дар намуди дзюдо паҳлавонони мо Суҳроб Боқиев (-60кг) ва Ёқубҷон Боқиев (-66кг) вориди рақобат шуданд, вале дар даври муқаддамотӣ аз ҳарифонашон шикаст хурданд.
Варзишгарони мо, дар намуди қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ низ қувва санҷиданд. Дар қувваозмоии К-4 тими Тоҷикистон ба даври финал роҳ ёфт. Дар қувваозмоии К-2 бошад, ҷуфти Зоҳирҷон Набиев/Абдусаттор Ғафуров дар нимфинал бо натиҷаи 3:47.529 миёни шаш ҷуфт ҷои охирро ишғол карда, аз идомаи сабқат маҳрум шуд.
Ин дуюм медли нуқраи Тоҷикистон дар 18-ум Бозиҳои Осиё мебошад, ки дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия ҷараён дорад. 26 август қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ, варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар қувваозмоии гурзандозӣ сазовори медали нуқра гардида буд.
Варзишгарони мо фардо дар риштаҳои дзюдо (Шоҳида Қаландарова, вазни -57кг, Беҳрӯз Хоҷазода, вазни -73кг, Акмал Муродов, вазни -81кг) ва қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ иштирок мекунанд, ки барояшон иқбол мехоҳем.
То имрӯз дар ҷадвали ҳисоби медалҳои Бозиҳои Осиё-2018 дастаи мунтахаби Чин бо 214 медал (100 тилло, 65 нуқра, 49 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст. Ҷопон бо 159 медал (50-47-62) дар ҷои дуюм, Кореяи Ҷанубӣ бо 128 медал (37-41-50) дар мақоми сеюм мавқеъ доранд. Тоҷикистон бо ду медали нуқра миёни 37 давлате, ки медал ба даст овардаанд, дар ҷои 31 қарор дорад.