Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БО-2018: Натиҷаи мусобиқаҳои 22 август бо иштироки варзишгарони тоҷик

23.08.2018

: 1076

22 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия мусобиқаҳо оид ба камонварӣ, гимнастика, бадминтон, баскетбол, бейсбол, волейболи соҳилӣ, бовлинг, қартабозӣ (бридҷ), қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (слалом), велосипедронӣ, шамшербозӣ, футбол, ҳандбол, кабадди, парашутсаворӣ, қайиқронии академӣ, сепак такрав, тирандозӣ, софтбол, шиноварӣ, таеквондо, теннис, волейбол, вазнбардорӣ, гуштин ва ушу доир гардиданд.

Варзишгарони мо дар намудҳои варзиши футболи бонувон, таеквондо ва гуштин иштирок карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд.
Дастаи мунтахаби бонувони кишвар оид ба футбол дар бозии сеюмаш дар гурӯҳи “В” аз тими Ҳонг Конг бо ҳисоби 1:6 шикаст хурда, дар гурӯҳ ҷои охиринро ишғол кард ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гашт. Дар ин гурӯҳ Кореяи Шимолӣ, Чин ва Ҳонг Конг ба даври чорякфинал роҳ ёфтанд.
Дар мусобиқаи таеквондо ду варзишгари мо вориди рақобат шуданд. Хуррам Меҳтаршоев дар вазни -63 кг дар даври 32-финал бар варзишгари Шри Ланка ғалаба карда, дар даври 16-финал аз варзишгари Чин шикаст хурд. Дар вазни -80 кг дар даври 16-финал Фарҳод Неъматов аз намояндаи Филиппин мағлуб шуд.
Дар намуди гуштини юнонӣ-римӣ ду варзишгари кишвари мо рӯи гилем баромаданд. Бахтовар Ҳасанов дар вазни 77 кг рақобатро аз даври 8/1-финал оғоз карда, бар варзишгари Яман пирӯз шуд, вале дар чорякфинал рақобатро ба варзишгари Туркманистон бохт. Суҳроҷ Азизов дар вазни 130 кило рақобатро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз намояндаи Узбекистон шикаст хурд.