Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БО-2018: Натиҷаи мусобиқаҳои 21 август бо иштироки варзишгарони тоҷик

22.08.2018

: 1140

21 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия мусобиқаҳо оид ба камонварӣ, гимнастика, бадминтон, баскетбол, бейсбол, волейболи соҳилӣ, қартабозӣ (бридҷ), қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ (слалом), велосипедронӣ, аспсаворӣ, шамшербозӣ, футбол, ҳандбол, чавгонбозӣ, кабадди, парашутсаворӣ, қайиқронии академӣ, сепак такрав, тирандозӣ, софтбол, шиноварӣ, таеквондо, теннис, волейбол, тӯббозӣ дар об, вазнбардорӣ, гуштин ва ушу доир гардиданд.

Варзишгарони мо дар намудҳои варзиши камонварӣ, тирандозӣ, шиноварӣ ва гуштин иштирок карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд.
Дар намуди камонварӣ варзишгарони мо Фирӯза Зубайдова, Зуҳро Тағоева миёни бонувон ва Умедҷон Худоёров иштирок карданд. Дар рақобатҳои инфиродӣ миёни бонувон байни 66 нафар Фирӯза Зубайдова ҷойи 48-ум ва Зуҳро Тағоева ҷои 59-умро ишғол намуданд. Умедҷон Худоёров дар рақобати мардҳо миёни 79 нафар дар ҷои охир қарор гирифт. Дар намуди тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр Бежан Файзуллоев миёни мардон дар байни 40 нафар ҷои 34-умро ишғол кард. Дар намуди гуштини юнонӣ-римӣ варзишгари тоҷик Мубинҷон Ахмедов дар вазни 67 кило миёни мардон вориди гилем шуда, дар рақобати аввал аз варзишгари Чин бо ҳисоби 6:7 мағлуб гардид. Дар шиноварӣ варзишгарони мо Алиҷон Хайруллоев ва Олимҷон Ишанов дар қувваозмоии 50 метр ба таври озод миёни мардҳо дар гурӯҳҳои худ мутаносибан ҷойҳои 7-ум ва 6-умро ишғол карда, аз идомаи рақобатҳо маҳрум шуданд.
Имрӯз – 22 август варзишгарони мо дар намудҳои таеквондо, гуштини юнонӣ-римӣ ва футболи бонувон (Ҳонг Конг - Тоҷикистон) майдондорӣ мекунанд.
То имрӯз варзишгарони 22 давлат медалҳои бозиҳоро ба даст овардаанд. Намояндагони 16 давлат ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Се ҷои аввалро аз рӯи шумораи медалҳо Чин (62, 32 тилло, 18 нуқра, 12 биринҷӣ), Ҷопон (48, 12-18-18) ва Кореяи Ҷанубӣ (34, 8-12-14) ишғол кардаанд. Дар ҷои чорум кишвари мизбон – Индонезия ва дар ҷои панҷум Эрон бо 12-медалӣ қарор доранд.