Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

БО-2018: Натиҷаи мусобиқаҳои 20 август бо иштироки варзишгарони тоҷик

21.08.2018

: 1171

20 август дар доираи Бозиҳои Осиё-2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия мусобиқаҳо оид ба гимнастика, бадминтон, баскетбол, волейболи соҳилӣ, велосипедронӣ, аспсаворӣ, шамшербозӣ, футбол, ҳандбол, чавгонбозӣ, кабадди, парашутсаворӣ, қайиқронии академӣ, сепак такрав, тирандозӣ, софтбол, шиноварӣ, таеквондо, теннис, волейбол, тӯббозӣ дар об, вазнбардорӣ, гуштин ва ушу доир гардиданд.

Варзишгарони мо дар намудҳои варзиши футболи бонувон, тирандозӣ, шиноварӣ, таеквондо ва гуштин иштирок карданд, аммо аз медалҳо бенасиб монданд.
Тими футболи бонувони кишвар ин навбат бо дастаи Чин вориди майдон шуда, боз ҳам бо ҳисоби 0:16 шикаст хурд. Дар намуди тирандозӣ аз туфанг ба масофаи 10 метр Тоҷиддин Валиев миёни мардон ва Малика Лагутенко миёни бонувон рақобат карданд. Тоҷиддин дар байни 44 нафар ҷои 34-ум ва Малика миёни 60 нафар ҷои 41-умро ишғол намуданд. Дар шиноварӣ варзишгарони мо Тюрина Анастасия ва Климик Карина дар қувваозмоии 50 метр, баттерфлай миёни бонувон дар гурӯҳҳои худ ҷойи 7-умро ишғол карданд. Тюрина Анастасия, ҳамчунин дар масофаи 100 метр ба таври озод дар гурӯҳи худ охирин шуда ба марра расид ва аз идомаи рақобатҳо маҳрум гаштанд. Миёни мардон бошад, Рамзиёр Хоркашов дар масофаи 50 метр ба таври пуштнокӣ (Backstroke) дар гурӯҳи худ аз ҳама охир ба марра расид. Дар намуди таеквондо Маҳмадҷон Суннатов дар вазни -58 кг вориди рақобат шуд. Ӯ дар даври 32-ниҳоӣ бар варзишгари Камбоҷа ғалаба кард, вале дар даври 16-ниҳоӣ аз варзишгари Эрон шикаст хурд. Дар гуштини озод Фарҳод Анақулов дар вазни 125 кг дар рақобати аввал аз намояндаи Муғулистон мағлуб гашт.