Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар ба Чин меравад

15.08.2018

: 3339

Дастаи мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин ширкат мекунад.

Ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи мамлакат, мусобиқа аз 4 то 8 сентябри соли равон дар шаҳри Юннани Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешавад. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо дастаҳои ҷавонони Чин, Узбекистон ва Мянмар вомехурад.
Иштирок дар ин мусобиқаи байналмилалӣ як марҳилаи омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони кишвар ба марҳилаи интихобии чемпионати Осиё-2020 ба ҳисоб меравад, ки 18-26 марти соли оянда доир мегардад.