Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Диққат! Озмун барои эҷодкорони соҳаи варзиш

14.08.2018

: 1300

Ассотсиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ (ANOC) барои дарёфти Ҷоизаи эҷодиёт дар соҳаи варзиш озмун эълон кардааст.

Озмун маротибаи 10-ум аст, ки баргузор мешавад ва хароҷоти он аз ҳисоби хазинаи яке аз чеҳраҳои шинохтаи олами варзиш Муҳаммад бин Рашид Ал Мактум пардохт мегардад.
Ҷоизаи эҷодиёт дар соҳаи варзиш бо мақсади тақвият додани тавонбахшии ҷавонони эҷодкори дунё ва ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба соҳаи варзиш роҳандозӣ гардидааст. Барои дарёфти ҷоиза шахсони инфродӣ, гурӯҳӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои варзишии Амороти Муттаҳидаи Араб ва ҷаҳон, ки дар пешрафти соҳаи варзиш ташаббусҳои назаррас нишон додаанд ва дар ин самт дастовардҳои беназир доранд, иштирок карда метавонанд.
Тибқи муқаррароти озмун довталабон метавонанд маҳсули эҷоди худро, ки дар давраи аз 1 сентябри соли 2017 то 31 августи соли 2018 офарида шудааст, ба кумитаи тадорукот пешниҳод намоянд.
Ғолиби озмун бо Ҷоизаи эҷодиёт дар соҳаи варзиш ва мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 10000 доллари ИМА сарфароз гардонида мешаванд.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди асарҳо ба озмун 31 августи соли 2018 муқаррар гардида, хоҳишмандон ҷиҳати пешниҳоди номзадии худ метавонанд ба Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.