Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Искандари Рустам - парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018

Искандари Рустам - парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018 Искандари Рустам - парчамбардори Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё-2018

09.08.2018

: 1675

Варзишгар Искандари Рустам парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё интихоб шуд.

Имрӯз – 9 август – дар маросими гусели варзишгарон ба Бозиҳои Осиё-2018, ки таҳти роҳбарии муовинони Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Шамсулло Соҳибов ва Аҳтам Абдуллозода доир гардид, варзишгар оид ба гуштини тарзи озод Искандари Рустам парчамбардори дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар 18-ум Бозиҳои тобистонаи Осиё интихоб шуд.
Абдуллозода Аҳтам зимни муаррифии Искандар иброз дошт, ки бардоштани Парчами давлатӣ дар бозиҳои варзишӣ масъулияти бузург мебошад. Парчам фақат як пора матоъ нест. Он шарафу нангу номуси давлату миллат аст. Баъд аз сарони давлатҳо варзишгарон парчамбардор ва муаррифгарони миллатҳо ҳастанд. Искандари Рустамро ба таври рамзӣ мо парчамбардори Тоҷикистон интихоб намудем. Дар асл масъулияти бардоштани Парчами давлат бар дӯши ҳамаи 80 варзишгар дар бозиҳои мазкур мебошад.
Шамсулло Соҳибов Искандари Рустамро барои парчамбардори тими Тоҷикистон интихоб шуданаш шодбош гуфта, барои ӯ ва ҳамаи варзишгарон муваффақияту сарбаландӣ таманно намуд.
Искандари Рустам барандаи 2 медали нуқра (2012, 2013) ва 1 медали биринҷии (2014) Чемпионати Осиё оид ба гуштини тарзи озод мебошад. Ӯ, ҳамчунин, барандаи медали нуқраи Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ – Ашқобод-2017 буда, дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Лондон-2012 ҷои панҷумро ишғол намудааст.