Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Қайиқронҳои тоҷик дар ҳайати 6 нафар дар Бозиҳои Осиё-2018 ширкат мекунанд

06.08.2018

: 1485

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ ҷиҳати иштирок дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, тасдиқ шуд.

Мусобиқа оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ аз 25 август то 1 сентябр дар шаҳри Палембанг аз рӯи 9 қувваозмоӣ миёни мардон ва 8 қувваозмоӣ миёни бонувон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 6 қувваозмоӣ миёни мардон ширкат мекунанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаблан Шуморо бо дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол, варзиши сабук, кураш, самбо, шиноварӣ, таеквондо, гуштин, дзюдо, камонварӣ, тирандозӣ, каратэ, ҷиу-ҷитсу ва вазнбардорӣ шинос кард. Инак, варзишгарони зерин дар мусобиқа оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ иштирок мекунанд:

Даминов Шаҳриёр
Нурмуҳаммади Тоҳир
Набиев Зоҳирҷон
Назиров Саидаҳтамхон
Ғафуров Абдусаттор
Даминов Мустафо

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои Осиё-2018 дар Искандаркӯл ба ҷамъомади тамринии 21-рӯза фаро гирифта шуданд. Феълан дар шаҳри Норак, дар дарёи Вахш ба тамрин машғуланд.