Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои Осиё-2018: Мунтахаби Тоҷикистон оид ба каратэ

04.08.2018

: 1166

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба каратэ дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, дар ҳайати 4 нафар тасдиқ шуд.

Мусобиқа оид ба каратэ 25-27 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 6 категорияи вазнӣ миёни мардон ва 6 категорияи вазнӣ миёни бонувон дар равияи кумитэ, ҳамчунин рақобатҳои инфиродӣ дар равияи ката баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 3 вазн миёни мардон ва 1 вазн миёни бонувон дар равияи кумитэ иштирок мекунанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаблан Шуморо бо дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол, варзиши сабук, кураш, самбо, шиноварӣ, таеквондо, гуштин, дзюдо, камонварӣ ва тирандозӣ шинос кард. Инак, варзишгарони зерин дар мусобиқа оид ба каратэ иштирок мекунанд:

Гулосори Суҳроб (-55кг)
Абдулваҳоб Шарапов (-60кг)
Раҷаббек Раҳимов (-67кг)
Ҷавоҳир Ҳайдаров (-84кг)

Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё дар намуди каратэ 2 медали биринҷӣ дорад. Ҳар ду медалро Исроил Исмоилзода (Ҳирошима-1994, Бусан-2002) ба даст овардааст. Воқеан Исмоилзода ҳоло роҳбарии Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистонро ба зима дорад.