Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бонувони футболбози Тоҷикистон барои роҳхат ба Олимпиадаи Токио талош мекунад

02.08.2018

: 1192

Ҳарифони тими мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол дар марҳилаи аввали квалификатсионии Бозиҳои олимпии Токио-2020 муайян шуд.

Маросими қуръакашии марҳилаи аввали квалификатсионии мусобиқаи футбол миёни бонувон ба Олимпидаи Токио-2020 имрӯз – 2 август – дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё - шаҳри Куала Лумпур баргузор шуд. Дар натиҷаи қуръакашӣ 18 дастаи мунтахаб ба 4 гурӯҳ қисмат шуданд.
Дастаи мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ бо дастаҳои мунтахаби бонувони Тайпейи Чин, Филиппин, Сингапур ва Муғулистон ба гурӯҳи “А” ворид шуданд. Бозиҳои ин гурӯҳ 4-13 ноябри соли равон баргузор мешаванд. Макони баргузории бозиҳо ҳоло муайян нест.  
Даври квалификатсионии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020 аз 3 марҳила иборат аст. Баъд аз натиҷагирии марҳилаи аввал ду дастаи беҳтарин аз ҳар 4 гурӯҳ ҳамроҳ бо ду дастаи беҳтарин, ки дар гурӯҳҳо ҷои сеюмро ишғол кардаанд, ба марҳилаи дуюм роҳ меёбанд ва бо дастаҳои Ветнам ва Узбекистон ҳамроҳ мешаванд. Дар марҳилаи дуюм, ки моҳи апрели соли оянда ба нақша гирифта шудааст, 12 даста дар се гурӯҳ рақобат мекунанд. Ғолибони гурӯҳҳо ба марҳилаи сеюм роҳхат мегиранд.
Дастаҳои мунтахаби бонувони Австралия, ҶХДК, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Тайланд бозиҳояшонро аз марҳилаи сеюм шуруъ мекунанд. Мусобиқаҳои ин марҳила дар оғози соли 2020 доир хоҳад шуд. Дар марҳилаи сеюм 8 даста дар 2 гурӯҳ барои 4 роҳхати даври плей-офф талош ва ғолибони даври плей-офф қитъаи Осиёро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 намояндагӣ мекунанд.
Дастаи мунтахаби бонувони Ҷопон оид ба футбол ҳамчун мизбон ҳуқуқи дар олимпиада иштирок карданро пайдо кардааст ва дар марҳилаҳои интихобӣ иштирок намекунад.

Натиҷаи маросими қуръакашии марҳилаи аввали квалификатсионии мусобиқаи футболи бонувон ба Бозиҳои олимпии Токио-2020:
Гурӯҳи «А»: Тайпейи Чин, Филиппин, Сингапур, ТОҶИКИСТОН, Муғулистон.
Гурӯҳи «В»: Эрон, Ҳонг Конг, АМА, Макао, Лубнон.
Гурӯҳи «С»: Мянма, Ҳиндустон, Непал, Бангладеш.
Гурӯҳи «D»: Урдун, Индонезия, Фаластин, Малдив.