Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Доварони тоҷик дар Бозиҳои Осиё-2018

02.08.2018

: 1100

6 довари тоҷик барои ҳакамии мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли 2018 дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия доир мегардад, даъват шудаанд.

Конфедератсияи футболи Осиё рӯйхати доваронеро, ки мусобиқа оид ба футболро дар Бозиҳои Осиё ҳакамӣ мекунанд, нашр кард, ки ду довари тоҷик – Насрулло Кабиров ва Акмал Буриев ба он ворид карда шудаанд. Онҳо мусобиқаи футбол миёни мардонро доварӣ мекунанд.
Ҳамчунин, доварони дараҷаи байналмилалӣ аз Тоҷикистон Рамзӣ Шамиров (дзюдо), Шариф Давлатов (вазнбардорӣ), Маҳмуд Абдуллоев (самбо), Ҳабибулло Нарзуллоев (гуштин) аз ҷониби федератсияҳои байналмилалии ин намудҳо барои ҳакамии мусобиқаҳои Бозиҳои Осиё даъват шудаанд.