Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Бозиҳои Осиё-2018: 4 шиновар Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд

27.07.2018

: 1342

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба шиноварӣ ҷиҳати иштирок дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, муайян гардид.

Мусобиқа оид ба шиноварӣ 19-24 август дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 21 қувваозмоӣ миёни мардону занон баргузор мешавад. Варзишгарони мо дар 5 қувваозмоӣ миёни мардону занон ширкат мекунанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаблан Шуморо бо дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол, варзиши сабук, кураш ва самбо шинос кард. Инак, варзишгарони зерин дар мусобиқаи шиноварӣ иштирок мекунанд:

Климик Карина (100 м. Breaststroke, 50 м. Butterfly, 50 м. Breaststroke, 50 м. Freestyle);
Тюрина Анастасия (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle, 50 м. Freestyle);    
Хайруллоев Алиҷон (50 м. Freestyle, 100 м. Freestyle, 50 м. Butterfly);    
Ишанов Олимҷон (50 м. Butterfly, 100 м. Freestyle).

Варзишгаронро сармураббӣ Алишер Чингизов ҳамроҳӣ мекунад.