Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Самбочиёни тоҷик дар Бозиҳои Осиё-2018 ширкат мекунанд

26.07.2018

: 1357

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба самбо ҷиҳати иштирок дар 18-ум Бозиҳои Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия баргузор мегардад, муайян гардид.

Мусобиқа оид ба самбо 31 август – 1 сентябр дар шаҳри Ҷакарта аз рӯи 2 дараҷаи вазнӣ миёни мардон (-52 кг, -90 кг) ва 2 дараҷаи вазнӣ миёни занон (-48 кг, -68 кг) баргузор мешавад, ки варзишгарони мо дар ҳар 2 вазн миёни мардон ширкат мекунанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қаблан Шуморо бо дастаҳои мунтахаби бонувони Тоҷикистон оид ба футбол, варзиши сабук ва кураш шинос кард. Инак, варзишгарони зерин дар мусобиқаи самбо иштирок мекунанд:

Вазни -52 кг
Сангов Сомон
Ҷомии Ҳасан

Вазни -90 кг
Комроншоҳ Устопириён
Ҳасанбеков Умед

Варзишгаронро сармураббӣ Носир Бозоров ва президенти Федератсияи самбои Тоҷикистон Наҳтуллозода Давлатмурод ҳамроҳӣ мекунанд.
Гуштини самбо низ мисли кураш бори аввал ба барномаи Бозиҳои тобистонаи Осиё ворид карда шудааст. Соли гузашта дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқободи Туркманистон Ҷомии Ҳасан медали нуқра, Ҳасанбеков Умед медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.