Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дар Душанбе мусобиқаи шамшербозӣ ба хотираи А. Усмонов доир гашт

23.07.2018

: 1050

21-22 июл дар толори Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гӯштин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шамшербозӣ ба хотираи Устоди варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ Абдулхайр Усмонов баргузор гардид.

Дар мусобиқа 50 шамшербоз дар ҳайати дастаҳои Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-2 ва ШНТМ иштирок карданд.
Дар маросими кушодашавии мусобиқаи мазкур намояндагони Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи шамшербозии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, изҳор намуданд, ки аз ин варзишгарон умеди ба даст овардани натиҷаҳои беҳтар дар мусобиқаҳои байналмилалиро доранд.
Сабқатҳо байни наврасон, бонувон ва калонсолон ҷараён гирифта, миёни наврасон мақоми аввал насиби Алиҷон Халиқдатов аз шаҳри Душанбе гардид. Зинаи дуюму сеюмро варзишгарони Хатлон - Маҳмуд Шарипов ва Зулфиқор Абдуллоев ба даст оварданд.
Байни бонувон ҷойи аввалро Манижа Бобоҷонова аз шаҳри Душанбе сазовор гашт. Манижа Зарбиева аз шаҳри Душанбе мақоми дуюм ва Ориёна Пулатова аз Хатлон ҷои сеюмро ишғол карданд.
Миёни калонсолон Суҳроб Мирзоев аз дастаи Хатлон-2 зинаи аввалро соҳиб шуд. Бегназар Нуров аз дастаи Хатлон-2 дар мақоми дуюм ва Шаҳриёр Нуралиев аз ШНТМ дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд.
Масъулин мақсади баргузории мусобиқаи мазкурро дарёфти варзишгарони беҳтарин ва сафарбар намудани онҳо ба мусобиқаҳои байналмилалӣ унвон карданд.