Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

2 медали биринҷии гуштингирони тоҷик дар чемпионати Осиё

18.07.2018

: 1393

Варзишгарони тоҷик дар шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар Чемпионати Осиё оид ба гуштини юнонӣ-римӣ миёни ҷавонон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рӯзи аввали рақобатҳо варзишгари тоҷик Азмуддин Ваҳҳобов дар вазни 130 кг сазовори медали биринҷӣ гардид. Ӯ дар даври чорякфинал бар варзишгари Амороти Муттаҳидаи Араб Бадер Алӣ Аҳмаднур Ҳасан Алалӣ бо ҳисоби 9:0 ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари мизбон Арйан Панвар бо ҳисоби 4:5 мағлуб гардид. Азмуддин сипас дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Ҷопон Акимишӣ Сакаӣ бо ҳисоби 8:0 пирӯз шуд.
Варзишгари дигари тоҷик Далер Розиқов низ дар вазни 77 кг рақобатро аз даври чорякфинал оғоз карда, аз варзишгари кишвари мизбон Саҷан Саҷан ва дар қувваозмоӣ барои ҷои сеюм аз варзишгари Кореяи Ҷанубӣ Сингван Лӣ шикаст хурд.
Дар рӯзи дуюм Бахтовар Ҳасанов дар вазни 72 кг вориди рақобат шуд. Ӯ дар рақобати аввалаш варзишгари Чин Чуан Жангро бо ҳисоби 8:0 мағлуб кард, вале дар нимфинал аз варзишгари Қирғизистон Бексултон Назарбоев бо ҳисоби 0:5 шикаст хурд. Сипас, ӯ дар рақобат барои ҷои сеюм ҳарифаш Ҷиун Ҷонг аз Кореяи Ҷанубиро бо ҳисоби 9:0 мағлуб кард.
Фардо дар гуштини бонувон Шоира Раҷабова (50 кг) ва 21-22 июл дар намуди гуштини озод Гулов Саидҷон (57 кг), Қурбонбеков Муборакшо (65) кишвари моро намояндагӣ мекунанд. Варзишгарони тоҷикро дар ин чемпионат мураббиён Олимов Абдурозиқ ва Ҳомидов Мурод ҳамроҳӣ доранд.