Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футбол: Ҷоми шаҳрдори Остона насиби футболбозони Тоҷикистон шуд

14.07.2018

: 1367

13 июл мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол барои дарёфти ҷоми шаҳрдори Остона бо пирӯзии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-16) ба поён расид.

Дар бозии ниҳоӣ футболбозони ҷавони Тоҷикистон зери роҳбарии сармураббӣ Зайниддин Раҳимов ба дарвозаи тими ҷавонони клуби футболи “Шахтёр”-и Қарағанда 5 голи беҷавоб заданд. Нидоёр Забиров ду гол, Шарифбек Раҳматов, Суннатулло Исмоилов ва Муҳаммадалӣ Азизбеков якголӣ ба ҳадаф расонданд.
Тими ҷавонони кишвар то финал дар даври гурӯҳӣ бар дастаҳои Қазоқистон - “Иртиш U-17” (Павлодар) – 5:2 ва “Остона U-17” – 3:1 ғалаба карда, бо тими ҷавонони Қирғизистон (U-17) мусовӣ – 1:1 бозӣ кард
Дар бозӣ барои ҷои сеюм дастаи мунтахаби ҷавонони Қирғизистон (U-17) бар тими мактаби захираҳои олимпии №8-и Остона ғалаба кард – 5:0.