Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷамшед ва Надежда – ғолибони чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот

Ҷамшед ва Надежда – ғолибони чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот Ҷамшед ва Надежда – ғолибони чемпионати Тоҷикистон оид ба шоҳмот

11.07.2018

: 1319

Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шоҳмот бо пирӯзии варзишгарони шаҳри Душанбе Ҷамшед Исоев ва Надежда Антонова ҷамъбаст гардид.

Чемпионат аз 2 то 10 июли соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дар он варзишгарон аз ВМКБ, Суғд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Дар рақобатҳо миёни мардон Ҷамшед Исоеви душанбегӣ ғалаба кард. Ҷои сеюмро низ варзишгари Душанбе - Амин Қобилов ба даст овард. Медали нуқра насиби варзишгари вилояти Суғд Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев гардид.
Миёни бонувон се ҷои аввалро душанбегиҳо ишғол карданд: Надежда Антонова ҷои якум, Мутриба Ҳотамӣ ҷои дуюм, Сабрина Абророва ҷои сеюм.