Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ташаббуси Хадамоти гумрук ҷиҳати дастгирии варзишгарон

04.07.2018

: 1288

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии варзишгарони мамлакат барои иштирокашон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ дар ҳаҷми 10000 сомонӣ маблағ ҷудо кард.

Иқдоми мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо масъулини соҳаи варзиш дар Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи миллии олимпӣ аз 14 феврали соли равон рӯи даст гирифта шуд.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Ассамблеяи генералӣ, аз ҷумла гуфта буданд, мо бояд ба оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим ва рушди бемайлони варзиш дар мамлакат таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем, зеро варзиш ҳамчун қосиди сулҳ воситаи беҳтарини муаррифии давлату миллат дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад ва дар идома таъкид намуданд: “Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки набудани сарпарастон мушкили асосии Кумитаи миллии олимпӣ мебошад. Таҷрибаи дигар давлатҳо нишон медиҳад, ки вазорату идораҳо ва корхонаҳои калони саноативу тиҷоратӣ, инчунин, ширкатҳои ғайридавлативу тиҷоратӣ намудҳои алоҳидаи варзишро ба сарпарастӣ гирифта, ба ин васила дар рушди варзиши миллӣ ва муаррифии он дар арсаи байналмилалӣ саҳм мегузоранд”.
Ёдовар мешавем, ки бо супориши Сарвари давлат ҷиҳати омодагӣ ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Токио-2020 ва Бозиҳои зимистонаи олимпии Пекин-2022 дар назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, барои омодагии дастаҳои мунтахаби кишвар оид ба намудҳои гуногуни варзиш сарпарастон ҷалб хоҳанд шуд.
Феълан Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои варзишӣ ба Бозиҳои тобистонаи Осиё, ки аз 18 август то 2 сентябри соли равон дар шаҳрҳои Ҷакарта ва Палембанги Индонезия доир мегардад, омодагӣ мебинанд. Дар ин бозиҳо Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар аз рӯи 19 намуди варзиш намояндагӣ хоҳанд кард.
Ба барномаи Бозиҳои Осиё-2018 40 намуди варзиш ворид карда шудааст.