Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

4 медали нуқраи варзишгарони кишвар дар Алмаато

04.07.2018

: 1239

27-30 июни соли равон дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон мусобиқаи байналмилалӣ оид ба варзиши сабук ба хотираи Усмон Касанов баргузор шуд.

Тавре аз Федератсияи варзиши сабуки мамлакат иттилоъ доданд, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 нафар намояндагӣ карда, 4 медали нуқра ба даст оварданд. Григорий Дерипаскин дар қувваозмоии дав ба масофаи 400 метр миёни мардон (натиҷаи 47,60), Одилшоҳ Исматов дар масофаи 800 метр миёни мардон (1.50,02), Кристина Пронженко дар масофаи 400 метр бо монеа миёни занон (1.02,42) ва Абдурауф Мӯсоев дар гурзандозӣ бо натиҷаи 58,60 метр ҷойи дуюмро сазовор шуданд.
Тавре Ғайрат Неъматов, сармураббии тими варзиши сабуки кишвар иттилоъ дод, Григорий Дерипаскин дар ин мусобиқа рекорди Тоҷикистонро дар дав ба масофаи 400 метр такрор кард.
Дар мусобиқа беш аз 400 варзишгари 11 давлат иштирок карданд.