Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Хабарнигорони варзиш рисолати бузург доранд

Хабарнигорони варзиш рисолати бузург доранд Хабарнигорони варзиш рисолати бузург доранд

02.07.2018

: 1616

Паёми табрикии муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш

Муҳтарам журналистони риштаи варзиш,
Шуморо бо Рӯзи ҷаҳонии хабарнигорони соҳаи варзиш самимона шодбош мегӯям.
2-юми июл аз соли 1995 ин тараф бо ибтикори Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии журналистони варзиш таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1924 дар шаҳри Парижи Фаронса Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ таъсис ёфтааст ва ҳоло 159 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон аз соли 2011 узви ин ассотсиатсия мебошанд.
Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва дастгириву ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи журналистика, хусусан журналистикаи варзишӣ таҳаввулоти бузург ба миён омад. Маҳз пуштибонии Сарвари давлат буд, ки аз 1 марти соли 2016 аввалин маротиба дар кишвар шабакаи телевизионии махсуси соҳа – ТВ “Варзиш” ва баъд аз як сол шабакаи телевизонии “Футбол” ба фаъолият оғоз карданд ва шабонарӯзӣ аҳолии кишварро аз навгониҳои соҳа чи дар дохили кишвар ва чи дар хориҷ огоҳ менамоянд. Ҳамчунин, дар кишвар рӯзномаҳои махсуси соҳавӣ – “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Варзиш-спорт” амал доранд ва қариб ҳамаи расонаҳо саҳифаи махсуси варзишӣ нашр мекунанд.
Хабарнигорон дар ҷомеа рисолати бузург доранд. Хусусан, дар соҳаи варзиш. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳастанд, ки дастоварди варзишгаронро саривақт ба ҷомеа мерасонанд ва ифтихори варзишгаронро миёни ҷомеа қисмат мекунанд. Ба ин восита ҳисси қаҳрамон будан, ҳисси ғалабаро дар ниҳоди мухлисону ҳаводорони варзиш бедор менамоянд. Онҳо бо ин амалашон дар тарғиби ҳаракати олимпӣ миёни ҷомеа нақш мегузоранд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар бори аввал Тоҷикистон тавассути ТВ “Варзиш” имкон пайдо кард, ки бозиҳои чемпионати ҷаҳонии футболро мустақиман аз макони баргузории он бо забони тоҷикӣ пешкаши аҳолии кишвар намояд, ки дастоварди бузурги соҳа мебошад.
Имсол барои мо ва варзишгарон соли муҳим аст. Моҳи август парчамбардорони кишвар дар 18-умин Бозиҳои Осиё дар Индонезия ва моҳи октябр дар 3-юмин Бозиҳои тобистонаи олимпии наврасон дар Буэнос Айреси Аргентина ширкат хоҳанд кард ва умед мекунем, ки хабарнигорон дар инъикоси ин чорабиниҳои муҳими варзишӣ мисли ҳарвақта фаъол хоҳанд буд.
Бори дигар хабарнигорони соҳаи варзишро бо иди касбӣ таҳният гуфта, дар иҷрои ин рисолати муҳим дар назди ҷомеа бароятон барор мехоҳам.
Ид муборак!