Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Семинари омӯзишӣ оид ба допинг

Семинари омӯзишӣ оид ба допинг Семинари омӯзишӣ оид ба допинг Семинари омӯзишӣ оид ба допинг Семинари омӯзишӣ оид ба допинг

29.06.2018

: 2529

Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон семинари омӯзишӣ оид ба допинг ва роҳҳои пешгирӣ намудани он баргузор шуд.

Мутахассисони Агентии миллии зиддидопингии Ҷумҳурии Қазоқистон Венера Абдулло ва Кулман Нисанбаева ба кормандони Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, намояндагони федератсияҳои варзишӣ ва кормандони Маркази тибби варзишӣ тарзи гузаронидани ташхиси зидди допинг, пур кардани анкетаҳои махсуси назорати допинг, вақт ва замони гузаронидани ташхис ва ҷиҳатҳои дигари гузаронидани ташхиси допингиро фаҳмониданд.
Аз ҷумла қайд карда шуд, ки ташхиси допинг дар ду ҳолат гузаронида мешавад – ҳолати мусобиқавӣ ва ҳолати берун аз мусобиқа. Тибқи талаботи Агентии байналмилалии зидди допинг нозирони допинг ҳар вақт метавонанд бе огоҳӣ ба манзил ё ҷои тамрини варзишгар рафта, ташхис гузаронанд. Варзишгарон, ҳамчунин ҳангоми мусобиқа, қабл ё баъд аз қувваозмоӣ аз ташхиси допинг мегузаранд.
Иштирокчиёни семинар ба таври назариявӣ ва амалӣ тарзи гузаронидани ташхиси зидди допингро омӯхтанд ва акнун онҳо метавонанд дар Тоҷикистон мустақилона дар ин самт фаъолият кунанд.
Дар Тоҷикистон лабараторияи ташхиси допинг нест, аз ин рӯ нозирони допинг маводи ҷамъовардаашонро дар зарфҳои махсус барои ташхис ба Қазоқистон мефиристанд.
Тибқи талаботи Агентии байналмилалии зидди допинг ҳар варзишгари сатҳи олӣ дар як сол камаш 3 маротиба бояд аз ташхиси допинг гузарад. Дар сурати нагузаштан аз ташхис ба мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ роҳ дода намешаванд.