Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВКД – ғолиби Ҷоми раиси шаҳри Душанбе

ВКД – ғолиби Ҷоми раиси шаҳри Душанбе ВКД – ғолиби Ҷоми раиси шаҳри Душанбе ВКД – ғолиби Ҷоми раиси шаҳри Душанбе

28.06.2018

: 1263

Бо ғалабаи дастаи футболи хурди Вазорати корҳои дохилӣ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футболи хурд барои дарёфти Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ поён ёфт.

Мусобиқа бо фонди ҷоизавии 50000 сомонӣ аз ҷониби Мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор шуд. Рақобатҳо миёни 60 дастаи мақомоти давлатӣ ва ташкилоту корхонаҳо якуним моҳ идома ёфта, 122 бозӣ анҷом дода шуд. Вохуриҳои ҳалкунанда 26 июн доир гардиданд. Дар бозӣ барои ҷои сеюм Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва Федератсияи футболи Тоҷикистон ба майдон омаданд. Вақти асосӣ ғолибро муайян накард (1:1) ва дар задани силсилаи пеналтӣ бахт ба рӯи маорифчиёни пойтахт хандид – 2:1.
Бозии ниҳоӣ байни дастаҳои “Вавилон” ва Вазорати корҳои дохилӣ сурат гирифт. Дастаҳо аз лиҳози қувва баробар буданд ва вақти асосӣ мусовӣ хотима ёфт – 0:0. Боз ҳам тақдири бозӣ тавассути сисилаи пеналтӣ муайян гардид. Дар задани зарбаҳои пеналтӣ бозингарони ВКД маҳорати хуб нишон доданд – 2:1.
Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе Тоҷиддин Саидзода, ноиби раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, намояндаи Федератсияи футболи Душанбе Анваршо Мирзоев, директори КВД “Иншооти варзишии шаҳри Душанбе” Раҳматшо Камолов иштирок карданд.
Ғолиб ва ҷоизадорони Ҷоми раиси шаҳри Душанбе бо Ҷом, диплом, медал ва ҷоизапулӣ сарфароз гардиданд. Ҳамчунин, ғолиби мусобиқа – дастаи ВКД 20 ҳазор сомонӣ, дастаи “Вавилон” барои ҷои дуюм 15 ҳазор сомонӣ ва дастаи Раёсати маорифи пойтахт барои ҷои сеюм 10000 сомонӣ дарёфт карданд.