Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Пирӯзии футболбозони навраси кишвар дар Ҷопон

25.06.2018

: 1257

Тими футболи наврасони кишвар (U-16) дар доираи ҷамъомади тамринӣ-таълимӣ дар Ҷопон аввалин бозии санҷишӣ баргузор кард.

24 июн футболбозони навраси кишвар дар майдони тамринии Касиме бо ҳамсолонашон аз дастаи "Ибараки" вохурда, бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд. Голҳоро дар ҳайати дастаи наврасони Тоҷикистон Суннатулло Исмоилов ва Умедҷон Халилов заданд.
Фардо – 26 июн – дастпарварони Зайниддин Раҳимов бо дастаи наврасони “Касима Антлерс” ва 28 июн бо дастаи “Урава Редс” бозии озмоишӣ мегузаронанд.
Ёдовар мешавем, ки ҷамъомади машқӣ-таълимӣ дар Ҷопон ҷиҳати омодагии дастаи футболи наврасони кишвар ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия доир мегардад, нигаронида шудааст. Тими наврасони Тоҷикистон дар ин мусобиқа дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Малайзия, Ҷопон ва Тайланд рақобат мекунад.