Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Дзюдочиёни ҷавони кишвар аз Бишкек бо 6 медал бармегарданд

25.06.2018

: 1605

Дзюдочиёни тоҷик дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон, ки 23-24 июн дар Иссиқкӯли Қирғизистон баргузор шуд, сазовори 6 медал (2 тилло, 3 нуқра, 1 биринҷӣ) шуданд.

Суҳроб Боқиев дар вазни -60 кг, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни -81 кг медали тилло ба гардан овехтанд. Дар вазни -60 кг ду варзишгари тоҷик – Суҳроб Боқиев ва Далер Қурбонҷонов - ба финал баромаданд. Суҳроб маҳорати хуб нишон дода, медали тиллоро ба гардан овехт, нуқра насиби Далер шуд. Суҳроб то даври финалӣ баромадан се нафарро аз сари роҳаш дур кард – Артур Апишов (Қирғизистон), Нармандах Баянмункх (Муғулистон), Манучеҳр Ширинов (Узбекистон). Далер бошад, бар ду варзишгари Қирғизистон Асан Айбекулу, Бексултон Эркинбеков ва варзишгари Узбекистон Даврон Сюкенов ғалаба кард.
Ҷаҳонгир дар даври аввал озод буд. Сипас, бар варзишгари Қирғизистон Амантур Жумалиулу ғолиб омада, ба нимфинал роҳ ёфт. Дар ин давр Санҷар Балгимбекови қазоқистонӣ ва дар финал Павел Берлини русиягиро мағлуб кард.
Дар вазни -55 кг Давлаталӣ Назаралиев, дар вазни -73 кг Хайёмиддин Ҷабборов ҷои дуюмро сазовор шуданд. Давлаталӣ, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм бар варзишгари Қирғизистон Талгат Кенжебеков ғалаба карда, ба нимфинал баромад. Дар даври нимфинал варзишгари Узбекистон Фирӯз Уклоновро шикаст дод. Дар мубориза барои ҷои аввал аз варзишгари тоҷиктабори Руссия Шаҳзод Амонов мағлуб шуд.
Хайёмиддин низ дар даври аввал озод буд. Дар даври дуюм Фурқат Набиеви Узбекистонӣ, дар нимфинал Хамзат Аҳмарови русиягиро мағлуб кард, вале дар финал аз Ғолибҷон Сулаймонови узбекистонӣ шикаст хурд.
Медали биринҷиро Хуршед Маҷидов дар вазни +100 кг ба даст овард. Ӯ дар даври муқаддамотӣ Ойбек Сайталиеви қирғизистониро мағлуб намуда, дар нимфинал аз варзишгари Руссия Камол Каитов шикаст хурд. Сипас дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Қазоқистон Ерсаин Нияз ғолиб омад.  
Ҳусейнзода Муҳаммадраҷаб дар вазни -66 кг ҷои панҷум, Шоҳрух Ҳусайнов дар вазни -55 кг, Меҳрзод Суфиев дар вазни -60 кг, Муҳаммадулло Лоиқов дар вазни -90 кг ва Шоҳида Қаландарова дар вазни -57 кг миёни духтарон ҷои ҳафтумро ишғол намуданд.
Дар мусобиқа 159 варзишгар (59 духтар, 100 писар) аз 9 давлат иштирок карданд. Аз ҷумҳурии мо 18 варзишгар ширкат намуданд.
Дар ҳисоби даставӣ Тоҷикистон ҷои дуюмро ишғол кард. Ҷои аввал бо 7 медали тилло, 5 нуқра, 5 биринҷӣ насиби дастаи Руссия гашт. Қазоқистон бо 2 медали тилло, 1 нуқра, 3 биринҷӣ ҷои сеюмро ишғол намуд.