Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Тантанаи Рӯзи олимпӣ дар Хатлон

Тантанаи Рӯзи олимпӣ дар Хатлон Тантанаи Рӯзи олимпӣ дар Хатлон Тантанаи Рӯзи олимпӣ дар Хатлон Тантанаи Рӯзи олимпӣ дар Хатлон Тантанаи Рӯзи олимпӣ дар Хатлон Тантанаи Рӯзи олимпӣ дар Хатлон

23.06.2018

: 1346

Дар вилояти Хатлон Рӯзи олимпиро бо баргузории як қатор мусобиқаву чорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ҷашн гирифтанд.

Тавре аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят хабар доданд, тантанаҳои Рӯзи олимпӣ бо иҷрои машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз ёфт. Дар машқҳои пагоҳирӯзӣ 7800 нафар, аз ҷумла 2550 нафар бонувон аз ҳисоби дастпарварони мактабҳои варзишӣ, сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо иштирок намуданд.
Ҳамчунин, дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят давоми рӯз беш аз 90 мусобиқаи оммавӣ-варзишӣ аз рӯи намудҳои баскетбол, дзюдо, гуштини тарзи озод, гуштини миллӣ, гуштини юнонӣ-римӣ, баскетбол, варзиши сабук, тӯби дастӣ, дучархасаворӣ, футбол, волейбол, таеквондо,  шоҳмот, шашка, тенниси рӯи миз ва ғайра доир мегарданд, ки дар ин чорабиниҳо иштироки беш аз 6200 нафар дар назар аст.