Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Таҷлили Рӯзи олимпӣ дар Душанбе

23.06.2018

: 1381

Имрӯз – 23 июн – дар шаҳри Душанбе Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил шуд.

Чорабиниҳо бахшида ба ин рӯз субҳи барвақт аз машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз ёфт. Дар чорабинии марказӣ, ки бо иштироки кормандони кумитаҳои миллии олимпӣ ва кор бо ҷавонон ва варзиш дар Боғи фарҳангу фароғати “Ҷавонон” доир гашт, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Назарзода Ризо, директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ Эркин Латипов, ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012 Мавзуна Чориева иштирок карда, ҳозиринро шодбош гуфтанд.
Қайд гардид, ки аз соли 1948 ҳар сол 23 июн, ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад. Моҳи июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ доир гашт, ки дар он намояндагони 12 давлат иштирок карданд. 23 июн бунёдгузори ҳаракати олимпии муосир Пйер де Кубертен суханронӣ намуда, ҳозиринро бо асосҳои Бозиҳои олимпӣ шинос кард. Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад.
Мавзуна Чориева паёми президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бахро ба самъи иштирокчиёни чорабинӣ расонд. Дар паём, аз ҷумла омадааст: “70 сол инҷониб Рӯзи олимпӣ ҳамчун пойдевори Ҳаркати олимпӣ дар сар то сари олам ҷашн гирифта мешавад ва ин маъракаи варзишӣ ба ҳар сокини сайёра имкон медиҳад, ки аз варзиш баҳраманд гардад. Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷомеаи муосир Рӯзи олимпӣ яке аз беҳтарин васила барои тарғибу ташвиқи ҷомеа ба тарзи ҳаёти солим ва зиндагии фаъол ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ ҷиҳати баланд бардоштани нақши варзиш дар ҷамъият мусоидат менамояд”.
Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои варзишӣ ба муносибати Рӯзи олимпӣ дар тамоми ҷумҳурӣ мусобиқаву бозиҳои гуногуни варзиширо ба нақша гирифтаанд, ки давоми рӯз баргузор мешаванд.
Аз ҷумла дар мактаби маҳорати олии варзишӣ оид ба намудҳои гуштин мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ миёни ҷавонони соли таваллудашон 1998-2001 оғоз гардид, ки дар он варзишгарон аз ҳамаи минтақаҳои кишвар ширкат мекунанд. Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бошад, мусобиқаи кушод оид ба варзиши сабук ва мусобиқаву бозиҳои футбол доир гардиданд.