Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Барқияи табрикии Томас Бах ба муносибати Рӯзи олимпӣ

22.06.2018

: 1005

Дӯстони гиромӣ,
Лутфан беҳтарин таманниёти маро барои пайвастан бо сокинони сайёра ҷиҳати таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии олимпӣ қабул фармоед.
70 сол инҷониб Рӯзи олимпӣ ҳамчун пойдевори Ҳаракати муосири олимпӣ дар сартосари олам ҷашн гирифта мешавад ва ин маъракаи варзишӣ ба сокини сайёра имкон медиҳад, ки дар кадом гӯшаю канори олам набошад, метавонад дар ин рӯз аз варзиш баҳраманд гардад. Имрӯз дар шароити ҷомеаи муосири зудтағйирёбанда Рӯзи олимпӣ яке аз беҳтарин васила барои тарғибу ташвиқи аҳли ҷомеаи ҷаҳон ба тарзи ҳаёти солим ва зиндагии фаъол ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ ҷиҳати баланд бардоштани нақши варзиш дар ҷамъият мусоидат менамояд.
Бинобар ин, ба кумитаҳои миллии олимпие, ки тамоми сол бо роҳи ташкил намудани ҳар гуна чорабиниҳо варзишро ба аҳли ҷомеа наздик месозанд, арзи сипос ва минатдорӣ баён менамоям. Аҳсан ба шумо, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа ва табақаҳои касбу кори гуногунро барои интихоби зиндагии фаъол, ҳаракати муназзам, кашфи риштаҳои нав ба нави варзиш ва шинохти арзишҳои волои олимпӣ талқин менамоед.
Ба ифтихори Рӯзи умумиҷаҳонии олимпӣ ба кулли мардуми сайёра саломативу сарбаландӣ, иқболи нек ва барори кор орзу менамоям!
Ҳамеша сарфарозу сарбаланд бошед!