Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футбол: тими наврасони кишвар дар Ҷопон 3 бозӣ анҷом медиҳад

21.06.2018

: 1181

Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018 тими мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвар оид ба футбол ба Ҷопон сафар кард, ки он ҷо силсилаи бозиҳои санҷишӣ анҷом медиҳад.

Ба ҷамъомади машқӣ-таълимӣ, ки аз 22 то 28 июн дар шаҳри Касимаи Ҷопон доир мегардад, сармураббӣ Зайниддин Раҳимов 23 футболбозро даъват кардааст.
Ҳангоми баргузории ҷамъомади машқӣ дар Ҷопон тими мунтахаби наврасони кишвар бо клубҳои маҳаллӣ се бозии санҷишӣ мекунад: 24 июн бо дастаи “Ибараки”, 26 июн бо ҳамсолонашон аз “Касима Антлерс”, 28 июн – бо тими ҷавонони “Урава Редс”.
Дар марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018, ки аз 20 сентябр то 7 октябр дар Малайзия баргузор мешавад, футболбозони навраси кишвар дар гурӯҳи “А” бо ҳамсолонашон аз Малайзия, Ҷопон ва Тайланд вомехӯранд.

Ҳайати дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҶМТ дар Ҷопон:

Дарвозабонҳо: Самандар Каримов («Локомотив-Помир»), Муҳриддин Ҳасанов («Парвоз»);
Ҳимоятгарон: Исроил Холов, Муҳаммадрасул Лутфуллоев, Шаҳром Назаров, Ҷонибек Шарипов, Меҳробҷон Азимов, Қиматшо Муминшоев (ҳама – «Локомотив-Помир»), Муслимбек Зайниддинов («Регар-ТадАЗ»);
Нимҳимоятгарон: Эмомалии Аҳмадхон, Шоҳрух Сангов, Умедҷон Холиқов, Ҳамзаҷон Аҳтамов, Нидоёр Забиров, Шарифбек Раҳматов, Парвиз Ҳоҷиев, Озодбек Панҷиев (ҳама – «Локомотив-Помир»), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Истаравшан»), Иброҳим Зокиров («Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Сунатулло Исмоилов («Хатлон»), Ислом Зоиров, Рустам Соиров, Азизбек Ҳасанов (ҳама – «Локомотив-Помир»).

Роҳбарият: Меҳроҷ Холов – менеҷер, Зайниддин Раҳимов – сармураббӣ, Сафаралӣ Раҳмонов – мураббӣ, Асатулло Норов – мураббии дарвозабонҳо, Баҳодур Носиров – табиб, Ҷовидон Ҳасанов – ёрдамчии менеҷер.