Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

23 июн – Рӯзи байналмилалии олимпӣ

21.06.2018

: 1268

Ҳар сол 23 июн, ба муносибати барқарор шудани ҳаракати олимпӣ дар шакли муосир, дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад. Дар ин бора моҳи январи соли 1948 дар иҷлосияи 42-юми Кумитаи байналмилалии олимпӣ қарор қабул шуд.

Моҳи июни соли 1894 дар шаҳри Парижи Фаронса Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ доир гашт, ки дар он намояндагони 12 давлат иштирок карданд. 23 июн бунёдгузори ҳаракати олимпии муосир Пйер де Кубертен суханронӣ намуда, ҳозиринро бо асосҳои Бозиҳои олимпӣ шинос кард. Маҳз ҳамин сана ҳамчун Рӯзи байналмилалии олимпӣ интихоб шуд, ки мақсад тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз синну сол, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш мебошад.
Дар Хартияи олимпӣ омадааст: “Мақсади ҳаракати олимпӣ тарбияи ҷавонон ба воситаи варзиш дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ, рафоқат ва ба ин восита дунёи беҳтар ва осуда сохтан мебошад”.  
Чорабиниҳои асосии Рӯзи олимпӣ марафони дав ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯз, ҳамчунин мусобиқаҳои дигари варзишӣ, семинарҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ, шоу-барномаҳо, мулоқот бо қаҳрамонҳо ва ҷоизадорони Бозиҳои олимпӣ ва ғайра баргузор мешаванд.
Томас Бах – президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ – дар паёми имсолааш ба муносибати Рӯзи олимпӣ гуфтааст: “70 сол инҷониб Рӯзи олимпӣ ҳамчун пойдевори Ҳаркати олимпӣ дар сар то сари олам ҷашн гирифта мешавад ва ин маъракаи варзишӣ ба ҳар сокини сайёра имкон медиҳад, ки аз варзиш баҳраманд гардад. Дар шароити зудтағйирёбандаи ҷомеаи муосир Рӯзи олимпӣ яке аз беҳтарин васила барои тарғибу ташвиқи ҷомеа ба тарзи ҳаёти солим ва зиндагии фаъол ба ҳисоб рафта, бо ин роҳ ҷиҳати баланд бардоштани нақши варзиш дар ҷамъият мусоидат менамояд”.
Дар Тоҷикистон низ мисли дигар кишварҳо, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дар партави сиёсати варзишпарваронаи Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи олимпӣ ҳар сол чорабиниҳо ва мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ баргузор мешаванд.
Дар робита ба ин сана Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва федератсияҳои варзишӣ дар тамоми ҷумҳурӣ мусобиқаву бозиҳои гуногуни варзиширо ба нақша гирифтааст. Чорабиниҳои Рӯзи олимпӣ дар Тоҷикистон субҳи барвақт бо машқҳои пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, давоми рӯз бо баргузори мусобиқаҳои оммавӣ-варзишӣ аз рӯи намудҳои гуногуни варзиш ва чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ идома хоҳад ёфт.