Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Иштироки Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи ЧҶ-2018 оид ба футбол

Иштироки Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи ЧҶ-2018 оид ба футбол Иштироки Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи ЧҶ-2018 оид ба футбол Иштироки Пешвои миллат дар маросими ифтитоҳи ЧҶ-2018 оид ба футбол

15.06.2018

: 1146

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол-2018 иштирок карданд.

Ҳамоиши бузурги варзишӣ шоми 14 июн дар варзишгоҳи Лужникии шаҳри Москваи Федератсияи Руссия оғоз гардид, ки дар он 32 дастаи беҳтарини ҷаҳон давоми як моҳ барои дарёфти Ҷом байни ҳам рақобат хоҳанд кард.
Дар маросими кушодашавии чемпионат, дар баробари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин сарони як қатор давлатҳо ва ҳукуматҳо, аз ҷумла Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Боливия, Лубнон, Панама, Парагвай, Руанда, Арабистони Саудӣ ва дигарон иштирок карданд.
Дар рӯзи нахустини кушодашавии чемпионати ҷаҳон оид ба футбол аввалин шуда тимҳои мунтахаби Руссия ва Арабистони Саудӣ байни ҳам қувваозмоӣ карданд. Дар ин дидор футболбозони Руссия ба дарвозаи ҳариф 5 голи беҷавоб заданд. Аввалин голи чемпионати имсоларо Юрий Газинский зад. Денис Черишев ду гол, Артём Дзюба, Александ Головин якголӣ ба номашон сабт карданд.
Рақобати дастаҳои мунтахаби кишварҳои олам дар варзишгоҳҳои калони шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Сочи, Қазон, Волгоград, Самара, Ростови лаби Дон, Нижний Новгород, Саранск, Калининград ва Екатеринбурги Федератсияи Россия баргузор мешаванд.
Мавриди зикр аст, ки бо талошҳову ташаббусҳои Пешвои миллат ва фаъолияти пурсамари Федератсияи футболи Тоҷикистон ин намуди варзиш дар саросари мамлакат хусусияти оммавӣ касб намуда, рушд карда истодааст. Соли 2014 бо пешниҳоди Федератсияи футболи Тоҷикистон ва дастгирии Пешвои миллат барои тарғиби тарзи ҳаёти солим дар кишвар соли 2014 Соли оммавияти футбол эълон гардида, дар доираи он инфрасохтори ин намуди варзиш хеле тараққӣ кард. Дар натиҷа дастаҳои мунтахаби наврасону ҷавонони Тоҷикистон ба чемпионатҳои Осиё роҳхат гирифта, тими мунтахаби кишвар ва дастаҳои машҳури ҷумҳурӣ борҳо бо дастаҳои пурқуввати қитъаи Осиё қувваозмоӣ карда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.