Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши ИДМ дар Ереван баргузор шуд

09.06.2018

: 1415

7-8 июн дар пойтахти Ҷумҳурии Арманистон – шаҳри Ереван ҷаласаи навбатии Шӯрои тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.

Дар ҷаласа роҳбарони соҳаи варзиши кишварҳои узви ИДМ: Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбоҷон, Руссия ва Тоҷикистон иштирок карданд. Ҷумҳурии моро дар ин ҷаласа раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, ҳамзамон муовини Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам намояндагӣ кард.
Яке аз масъалаҳои асосии рӯзномаи ҷаласа коркарди Стратегияи рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш барои солҳои 2021-2030 буд. Аъзои иттиҳод, ки гурӯҳи кориро ташкил медиҳанд, уҳдадор шуданд, то 15 сентябри соли равон пешниҳодҳояшонро дар робита ба ин масъала ба Кумитаи иҷроияи ИДМ манзур намоянд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин лоиҳаи Низомнома оид ба базаи ташкилотҳои давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш баррасӣ гардид. Чунин мақомро Донишгоҳи давлатии тарбияи ҷисмонӣ, варзиш, ҷавонон ва туризми Руссия дарёфт кард. Ба нақша гирифта шуд, ки Низомнома оид ба базаи ташкилотҳо то 15 октябри соли ҷорӣ омода карда шавад ва аз 1 ноябр корҳои созмондиҳии шӯрои ҷамъиятии базаи ташкилотҳо шурӯъ мегардад.
Ҳамчунин, иштирокчиён рушди варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солимро дар кишварҳои аъзои ИДМ тайи солҳои охир таҳлил карда, масъалаҳои вобаста ба тибби варзишӣ ва мубориза бо допингро дар қаламрави иттиҳод баррасӣ намуданд.