Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

3 июн – Рӯзи ҷаҳонии велосипедронӣ

3 июн – Рӯзи ҷаҳонии велосипедронӣ 3 июн – Рӯзи ҷаҳонии велосипедронӣ 3 июн – Рӯзи ҷаҳонии велосипедронӣ 3 июн – Рӯзи ҷаҳонии велосипедронӣ

05.06.2018

: 1431

3 июни соли 2018 дар ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон аввалин маротиба Рӯзи велосипедронӣ таҷлил шуд.

Ин рӯзро Созмони Милали Муттаҳид 12 апрели соли равон ҳамчун рӯзи расмии истифодаи велосипед ба ҳайси нақлиёти боманфиати иҷтимоӣ эълон кард. Велосипед василаи оддӣ, дастрас, боэътимод ва барои муҳит безарари ҳаракат мебошад.
Созмони Милали Муттаҳид ин рӯзро ба хотири ба даст овардани натиҷаҳои мусбат эълон кард – велосипедронӣ ба солимии аҳолӣ мусоидат карда, ба муҳити зист зарар намерасонад. Велосипедронӣ ҳамчун намуди варзиш омодагии ҷисмонӣ, қувва, нигоҳ доштани баробарвазнӣ ва боварӣ ба худро талаб менамояд. Нишебиҳо ва роҳҳои ағбаҳои баланд хоси велосипедсаворони касбӣ мебошад.
Велосипед воситаи асосии ҳаракат барои ҳамаи шаҳрҳо ва кишварҳо ба ҳисоб рафта, барои хурду калон дастрас аст. Роҳҳои махсуси велосипедронӣ дар ҷодаҳо ва боғҳои истироҳатӣ велосипедро бахатар кардааст ва агар дар хона велосипед надоред, дар баъзе шаҳрҳо метавонед аз ҷойҳои махсус онро ба иҷора гиред.
Ин тасмими СММ дар соли аввал аз ҷониби 57 кишвари ҷаҳон дастгирӣ ёфт. Логотипи Рӯзи ҷаҳонии велосипедрониро Исаак Фелд коркард намуда, роҳнамои аниматсиониро профессор Ҷон Свенсон сохт. Дар он велосипедронони ба сайри ҷаҳон баромада тасвир ёфтааст.
Аввалин Рӯзи ҷаҳонии велосипедронӣ дар Тоҷикистон низ ҷашн гирифта шуд. Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар ин рӯз миёни донишҷӯёни тоҷик ва кишварҳои хориҷӣ мусобиқаи велосипедронӣ ташкил намуда, ғолибонро бо туҳфаҳои хотиравию молӣ қадрдонӣ кард.
Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдату миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ассамблеяи 17-уми генералии Кумитаи миллии олимпӣ (14.02.2018) дастур дода буданд, ки дар ҷумҳурӣ як рӯзи велосипедронӣ эълон карда шавад. Ва бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш 5 майи соли равон бори аввал дар кишвар “Як рӯзи велосипедронӣ” доир шуд. Ҳамчунин, соли дуюм аст, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ Марафони велосипедронӣ дар сатҳи баланд баргузор мешавад.