Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Роҳбарияти нав дар Федератсияи ҷумнастика

Роҳбарияти нав дар Федератсияи ҷумнастика Роҳбарияти нав дар Федератсияи ҷумнастика Роҳбарияти нав дар Федератсияи ҷумнастика Роҳбарияти нав дар Федератсияи ҷумнастика

04.06.2018

: 1973

Имрӯз – 4 июн – дар толори маҷлиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон конференсияи интихоботии Федератсияи намудҳои ҷумнастикаи Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар ҷаласа истеъфои раис ва котиби масъули федератсия баррасӣ ва қабул шуда, роҳбарияти нав интихоб гардид.
Ҷаласаро Абдуллозода Муҳаммадшо, ки бо дастгирии вакилон раисикунанда интихоб шуд, ифтитоҳ карда, бо нигаронӣ зикр намуд, ки Федератсияи ҷумнастикаи Тоҷикистон камфаъол аст ва бо сабаби напардохтани ҳаққи узвият феълан аз аъзогии Федератсияи байналмилалии ҷумнастика маҳрум мебошад. Федератсия ҳоло наметавонад дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок кунад ва дар ҷаласаҳои Федератсияи байналмилалии ҷумнастика ҳаққи овоз надорад. Раиси нав, ки дар ин ҷаласа интихоб мешавад, бояд дар рушди ин намуди варзиш ва барои барқарор намудани узвияти федератсия дар федератсияи байналмилалӣ мусоидат кунад.
Вакилони конференсия ба баррасии масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа пардохта, истеъфои раис ва котиби генералии Федератсияи намудҳои ҷумнастикаи Тоҷикистон – Давлатов Бахтиёр ва Маҳмудов Фаррухро қабул карда, Қосимзода Идигул Тағо – раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси нави Федератсияи намудҳои ҷумнастикаи Тоҷикистон интихоб намуданд. Бо пешниҳоди раиси нав Давлатов Бахтиёр котиби масъули федератсия интихоб шуд.
Бозоров Носир – сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Абдуллозода Муҳаммадшо – котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ, ки ба ҳайси меҳмон дар ҷаласа иштирок доштанд, Қосимзода Идигулро бо интихоб шуданаш ба вазифаи нав табрик гуфта, изҳор доштанд, ки ҳамеша барои дастгирии федератсия ва рушди ин намуди варзиш дар кишвар омодаанд.
Қосимзода Идигул дар навбати худ барои боварӣ ба вакилон изҳори миннатдорӣ карда, зикр намуд, ки бо дастгирии мутахассисон барои рушди ин намуди ҷолиби варзиш, аз боғча сар карда, то сатҳи касбият кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Дар ҷаласа Эркин Латипов – директори генералии Кумитаи миллии олимпӣ ва Мавзуна Чориева – ҷоизадори Бозиҳои олимпии Лондон-2012, мудири Шуъбаи варзиш ва омодагӣ ба бозиҳои олимпии Кумитаи миллии олимпӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат карданд.