Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Ҳарифони футболбоздухтарони тоҷик (U-19) ва (U-16) маълум шуданд

Ҳарифони футболбоздухтарони тоҷик (U-19) ва (U-16) маълум шуданд Ҳарифони футболбоздухтарони тоҷик (U-19) ва (U-16) маълум шуданд

31.05.2018

: 1320

30 май дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё дар шаҳри Куала Лумпур қуръакашии марҳилаи аввали интихобии чемпионати Осиё-2019 миёни духтарони то 16 ва 19-сола баргузор шуд.

Дар натиҷаи қуръакашии мусобиқаи то 16-солаҳо 30 даста ба шаш гурӯҳ ҷудо шуданд. Тими ҷавонони то 16-солаи Тоҷикистон ҳамроҳи дастаҳои Тайланд, Эрон, ҷазираҳои Марианаи Шимолӣ ва Сингапур ба гурӯҳи “С” ворид шуд. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 15 то 23 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе доир мегардад.
Ба марҳилаи дуюми интихобии чемпионати Осиё-2019, ки аз 23 феврал то 3 марти соли оянда баргузор мешавад 8 дастаи беҳтарини марҳилаи аввал – ғолибони 6 гурӯҳ ва 2 дастаи беҳтарини ҷои дуюм - роҳ меёбанд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи аввали интихобии чемпионати Осиё-2019 миёни духтарони то 16-сола:

Гурӯҳи «А»: Чин, Узбекистон, Урдун, Гуам, Шри-Ланка (мизбон).
Гурӯҳи «В»: Лаос, Ҳиндустон, Ҳонконг, Покистон, Муғулистон (мизбон).
Гурӯҳи «С»: Тайланд, Эрон, Марианаи Шимолӣ, Сингапур, ТОҶИКИСТОН (мизбон).
Гурӯҳи «D»: Австралия, Тайпейи Чин, Қирғизистон (мизбон), Фаластин, Индонезия.
Гурӯҳи «Е»: Филиппин, Мянма, Малайзия, Непал (мизбон), Сурия.
Гурӯҳи «F»: Бангладеш (мизбон), Ветнам, АМА, Баҳрайн, Лубнон.

Дар Куала Лумпур, ҳамчунин қуръакашии марҳилаи аввали интихобии чемпионати Осиё миёни духтарони то 19-сола доир гашт. Дар натиҷа, тими футболи бонувони Тоҷикистон (U-19) ҳамроҳи Кореяи Ҷанубӣ, Бангладеш ва Тайпейи Чин гурӯҳи «D»-ро ташкил доданд. Бозиҳои гурӯҳи «D» низ аз 24 то 28 актябри соли равон дар Душанбе баргузор мешаванд.
Дар ин мусобиқа 27 даста ба 6 гурӯҳ ҷудо шуданд. Ба марҳилаи дуюми интихобӣ, ки 22-30 апрели соли оянда ба нақша гирифта шудааст, 8 дастаи беҳтарини марҳилаи аввал роҳ меёбанд.

Натиҷаи қуръакашии марҳилаи аввали интихобии чемпионати Осиё миёни духтарони то 19-сола:

Гурӯҳи «А»: Австралия, Ҳонконг, Афғонистон, Лубнон, Муғулистон.
Гурӯҳи «В»: Тайланд (мизбон), Ҳиндустон, Покистон, Непал, Сингапур.
Гурӯҳи «С»: Узбекистон, Қирғизистон (мизбон), АМА, Гуам, Малдив.
Гурӯҳи «D»: Кореяи Ҷанубӣ, Тайпейи Чин, ТОҶИКИСТОН (мизбон), Бангладеш.
Гурӯҳи «Е»: Ветнам, Урдун, Марианаи Шимолӣ, Малайзия.
Гурӯҳи «F»: Мянма (мизбон), Эрон, Фаластин, Лаос.