Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

Футбол: пирӯзии Тоҷикистон (U-19) бар Қирғизистон (U-21)

Футбол: пирӯзии Тоҷикистон (U-19) бар Қирғизистон (U-21) Футбол: пирӯзии Тоҷикистон (U-19) бар Қирғизистон (U-21)

31.05.2018

: 1371

Тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар доираи ҷамъомади машқию таълимӣ дар Бишкек бо тими мунтахаби ҷавонони то 21-солаи Қирғизистон бозии рафиқона анҷом дод.

Вохурӣ дар варзишгоҳи ба номи Долен Омурзоқови шаҳри Бишкеки Қирғизистон сурат гирифта, бо пирӯзии футболбозони тоҷик поён ёфт – 5:1. Дар ҳайати тими мунтахаби мо ҳамлагари дастаи “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоев “хет-трик” кард. Ду голи дигарро Кароматулло Саидов ва Шаҳром Самиев заданд.
Рӯзи шанбе – 2 июн – тими ҷавонони кишвар бо тими ҷавонони Қирғизизистон бозии дуюми санҷишӣ доир мекунад.
Ҷамъомади машқӣ-таълимии тими ҷавонони то 19-солаи кишвар дар шаҳри Бишкек барои омодагӣ ба марҳилаи финалии чемпионати Осиё-2018, ки аз 18 октябр то 4 ноябр дар Индонезия доир мегардад, нигаронида шудааст. Дар чемпионат тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи “D” бо дастаҳои Арабистони Саудӣ, Чин ва Малайзия бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки 4 дастаи беҳтарини чемпионати Осиё ба чемпионати ҷаҳон (U-20), ки соли оянда дар Лаҳистон баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.