Схемаи рангҳо: C C C C
Андозаи ҳуруф: A A A
Сурат:
  • Тоҷикистон, ш. Душанбе, кӯчаи С. Айнӣ 24
  • +992 (37) 221-64-67
  • noc@olympic.tj
d;rojgopdfkg'[o1adpkfp[osKF

Ахбор

ВМКБ – ғолиби мусобиқаи футбол ба хотираи Черевченко

25.05.2018

: 1358

Панҷумин мусобиқаи наврасон барои дарёфти ҷоизаи собиқадори футболи кишвар Геннадий Черевченко бо пирӯзии тими ВМКБ ба анҷом расид.

Дар мусобиқа 6 дастаи наврасони ҷумҳурӣ ва мунтахаби шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон ба таври системаи даврӣ тайи ду рӯз дар деҳоти Алмосии шаҳри Ҳисор бо ҳам рақобат намуданд.
Футболбозони навраси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бори нахуст ба натиҷаи беҳтарини мусобиқаи мазкур даст ёфтанд. Тими ВМКБ дар бозии ниҳоӣ дастаи Хатлонро бо бартарии зиёд шикаст дода, барандаи ҷом, медалҳои тилло ва ҷоизаҳои махсуси мусобиқаи анъанавии Ҷоми Геннадий Черевченко гардид. Мақоми сеюмро имсол дастаи ноҳияи Шаҳринав ишғол кард.
Дар маросими пӯшидашавии мусобиқа аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон ба ду нафар варзишгари болаёқат, иштирокчиёни фаъоли мусобиқа, беҳтарин дарвозабон, беҳтарин дифоъгар, ниммуҳофизатгари беҳтарин, беҳтарин ҳамлагар, нишонзан ва бозингари беҳтарин туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд. Ҳамчунин, доварону мураббиёни варзида ва хурдтарин иштирокчиву беҳтарин футболбози дорои малакаи фавқулодда сазовори ҷоизаҳои махсус гардиданд.